LIVE

"Бавария" тахтро ба худ баргардонд

Бозии марказии даври 13-уми Бундеслигаи Олмон бо иштироки дастаҳои “Байер” ва “Бавария” барпо шуд, ки дар он дастаи меҳмон бо ҳисоби 2:1 ғалаб кард. Маврид ба зикр аст, ки то рақобат бо “Бавария” “дорусозон” боре ҳам шикаст нахӯрда буданд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 14-уми рақобат Патрик Шик бо зарбаи бо услуби қайчӣ иҷрокардааш кушод. Вале дар анҷоми қисми якуми бозӣ голи Роберт Левандовски ҳисобро баробар кард.
Қисми дуюми бозӣ дар муқоиса бо қисми якум чандон ҷолибу пуршиддат сурат нагирифт. Ва чунин ба назар мерасид, ки ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ҷамъбаст мешавад. Аммо дар сонияҳои поёнии рақобат дифоъгарони мизбон бори дуюм ба саҳлангорӣ роҳ доданд ва Роберт Левандовски аз он истифода бурда, голи дуюмро ба самар расонд ва ғалабаи дастаашро таъмин кард.
Пирӯзии мазкур боис шуд, то “Бавария” бо ишғоли ҷойи якум ба танаффуси зимистона барояд. Ҳоло дар ҳисоби онҳо 30 имтиёз аст. “Байер” ва РБ “Лейпсиг” бо имтиёзҳои баробар (28 хол) дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд. Бозиҳои Бундеслига пас аз танаффус 2-юми январи соли 2021 аз сар гирифта мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив