LIVE

Шикасти "Боруссияи Д" дар Берлин


Дастаи "Унион" дар доираи бозиҳои даври    13-уми  Бундеслигаи Олмон  тими    "Боруссия Дортмунд"-ро пазируфт.      Ҳисоб дар нимаи дуюми  вохӯрӣ кушода шуд.  Дар дақиқаи 57-ум   ҳамлагари "Унион"   Тайво   Авонийи   тимашро ба пеш баровард.   "Боруссия"   баъди се дақиқа таносубро барқарор сохт.  Ҳамлагари  16 солаи   дортмундиҳо Юссуф  Мукоко  ба задани гол даст ёфта, ҷавонтарин  муаллифи   гол дар  таърихи Бундеслига гардид.      Дар   дақиқаи 78–ум  ҳимоятгари берлиниҳо Марвин  Фридрих      голи ғалабаовари тимашро марбути номи худ кард.  Бо ҳисоби 2 бар 1 бозӣ ба суди   "Унион"  поён ёфт.   Ҳамин тариқ,   "Унион"   бо дарёфти        21 имтиёз   зинаи 5-уми ҷадвалро ишғол кард.  "Боруссия"   дар мақоми 4-ум  мавқеъ гирифтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив