LIVE

Бозгашти “Унион Берлин” ба Бундеслига пас аз 30 сол

Тими футболи «Унион Берлин» ду маротиб бо ҳайати “Штутгарт” (2:2 ва 0:0) мусовӣ намуда, аз ҳисоби голҳои дар сафар задааш иштироки худро дар Бундеслигаи мавсими оянда таъмин намуд. Ин рӯйдод таърихӣ аст барои бошгоҳи мазкур,чаро ки “берлиниҳо” дар формати нави мусобиқоти футболи олмонӣ ҳеҷ вақт бозӣ накардаанд. Охирин мавсими “берлиниҳо” дар элитаи футболи олмонӣ танҳо мавсими солҳои 1988/89 ба ҳисоб меравад,ки он вақт даста аз Ҷумҳурии Демократии Олмон аз мусобиқот ҳазф шуда буд. Пас аз муттаҳидшавии Олмон “Унион” дар лигаи сеюми кишвар афтод ва мухлисони ин тим бозгашт ба Бундеслигаи аввалро  си сол боз интизор буданд. 10 соли ахир “Унион” дар  Бундеслигаи дуввум майдондорӣ намуда. дар бозии охирин баҳри роҳхат ба Бундеслигаи аввалӣ бошад барояшон ҳисоби мусовии сифр бар сифр кофӣ буд, чаро ки “берлиниҳо” рақобати сафариро бо “Штутгарт” бо натиҷаи 2:2 хотима дода буданд. Мутобиқи натиҷагирии мавсими сипаришуда бошад аз Бундеслигаи аввал  “Нюрнберг”, “Ганновер” ва “Штутгарт” ба ба Бундеслигаи дуввумӣ рафта, ҷои онҳоро дар олитарин дивизиони футболии олмонӣ “Кёлн”, “Падерборн” ва “Унион Берлин” ишғол намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив