LIVE

"Штутгарт" дарвозаи "Боруссияи Д"-ро голборон намуд

Дар доираи бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Олмон дастаи "Боруссияи Дортмунд" дар варзишгоҳи "Сигнал Идуна-Парк" тими   "Штутгарт"-ро пазируфт. Дар дақиқаи 26-уми нерусанҷӣ довар ба дарозаи мизбонон пеналтӣ таъйин намуд, ки онро  Силла Вамангитука  ба самар расонид. Дар дақиқаи 39-ум Джованни Рейна таносубро барқарор сохт.  Дар дақиқаи 52-юми  нимаи дуюми дидор Вамангитука  боз дастаашро ба пеш бароварда, ҳамчунин муаллифи дубл гардид. Дере нагузашта Филипп Фёрстер   голи сеюми дастаашро марбути номи   кард.  Дар дақиқаи 63-юм Тангуй Кулибали низ дарвозаи "Боруссия"-ро рахна кард.   Ин  анҷоми кор набуд. Николас Гонсалес ҳам номи худро ба рӯйхати голзанҳои ин вохӯрӣ шомил кард. Бозӣ бо ҳисоби 5 бар 1 ба нафъи тими "Штутгарт" хотима ёфт.  "Боруссия" баъди ин нокомӣ  силсилаи нокомиҳои худро ба 3 адад расонид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив