LIVE

Боз як футболбози тоҷик ба Ӯзбекистон меравад

Ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва сарвони дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар - Умарҷон Шарипов ба дастаи "Турон"-и шаҳри Яйпани вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Суперлигаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад мекунад, расман гузариш кард. Шартномаи ӯ бо тими «Турон» як солро дар бар мегирад.  Умарҷон аз 2 январи  соли 2021  бо   дастаи нав мепайвандад. Дар мавсими 2020 Шарипов дар ҳайати “Хатлон” панҷ гол ба самар расонидааст. Мавриди зикр аст, ки дастаи нави Умарҷон Шарипов мавсими гузашта қаҳрамони Про-лигаи Ӯзбекистон гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив