LIVE

Дастаи “Хатлон” шикастнопазир боқӣ монд

Бозиҳои даври 5-уми чемпионати Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо як голи беҷавоб тими футболи  “Локомотив Памир”-ро шикаст дод. Голро дар дақиқаи 35-уми бозӣ ниммуҳофизатгар Муҳсинҷон Абдуғаффоров ба самар расонид. Дар бозии дастаҳои футболи “Хатлон”-и Бохтар ва “Душанбе 83” низ як гол зада шуд. Соҳибони майдон дар дақиқаи 70-уми дидор бо зарбаи ҳадафраси капитани даста Умарҷон Шарифов ғалабаи мушкили худро ба қайд гирифтанд. Баъди ин пирӯзӣ дастаи "Хатлон" ба мисли "Истиқлол" тими шикастнопазири Чемпионати Тоҷикистон боқӣ монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив