LIVE

Ду голи Муҳаммадҷон Лоиқов дар Беларуссия

Дар доираи рақобатҳои даври 23-юми Лигаи якуми Чемпионати Беларуссия тими футболи “Лида”, ки дар ҳайати он футболбози ҷавони тоҷик - Муҳаммадҷон Лоиқов баромад мекунад ба пирӯзӣ даст ёфт.   Дастаи “Лида” бо ду голи задаи футболбози 22 солаи тоҷик Муҳаммадҷон Лоиқов ғалаба намуд. Футболбози тоҷик дар доираи бозиҳои даври 23-юми Лигаи якуми чемпионати Беларуссия ба дарвозаи тими “Крумкачи”, ки дар ҷадвали умумӣ мақоми дуюмро ишғол мекунад, ба задани ду гол даст ёфт. Лоиқов  голи нахустинашро дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ ба самар расонид. Баъдан дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ ин ҳамлагари ҷавони тоҷик бори дуюм тӯбро ба дарвозаи дастаи меҳмонон ворид намуд. Дар маҷмуъ бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди тими “Лида” хатм шуд, ки баъди ин ғалаба дастаи Муҳаммадҷон ба зинаи 8-уми ҷавдали умумӣ баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив