LIVE

Бозгашти Умарбоев ба майдон

Баъд аз таваққуфи маҷбурӣ аз сабаби хурӯҷи коронавирус -  COVID-19 чемпионати Булғористон низ дубора оғоз шуд.  Дастаи «Локомотив», ки дар ҳайати он ниммуҳофизатгари мунтахаби Тоҷикистон - Парвизҷон Умарбоев баромад мекунад, дар даври 25-ум бо тими «Этйр» рақобат намуд. Футболбози тоҷик дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада, дар дақиқаи 85-уми дидор иваз карда шуд. Дар ин дидор дастаи Парвизҷон  бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард.  Баъд аз ин ғалаба “Локомотив Пловдив” 49 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи дуюми Чемпионати Булғористон қарор дорад. Дастаи “Лудогоретс” садрнишини ҷадвали умумӣ маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив