LIVE

"Локомотив"-и Умарбоев боз ҳам ғалаба кард

Дастаи "Локомотив" Пловдив дар бозии даври 16-уми чемпионати Булғория бар "Ботев" Вратса пирӯз шуд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи дастаи Парвизҷон Умарбоев ба поён расид. Ниммуҳофизатгари тоҷик дар дақиқаи 77-ум ба майдон баромад. Дар мавсими имсола Умарбоеви 25 сола бори аввал аз дақиқаҳои нахуст ба майдон наомад. Ҳоло дастаи ӯ  баъди тими "Лудогоретс" дар мақоми дуюм бо 36 имтиёз ҷой дорад. Мавсуф баъди ин бозӣ ба тими мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Мянмар ва Қирғизистон ҳамроҳ мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив