LIVE

“Ювентус” ҳайати асосии худро карантин кард

Роҳбарияти дастаи “Ювентус” тасмим гирифт, ки тамоми ҳайати аввалияи тимро ба бознишинӣ (карантин) равон намояд. Ин қарор баъд аз он рӯи даст гирифта шуд, ки ташхис нишон дод то нимҳимоятгар Вестон Маккенни ба вируси карона гирифтор шудааст.  Дар ин бора саҳифаи расмии клуби шаҳри Турин хабар медиҳад. Бо вуҷуди ин бозигарон тамринро дар гурӯҳ идома медиҳанд, аммо онҳо мувофиқи низомнома ва протоколи тиббӣ бо гурӯи дигар наздик намешаванд. Ёдовар мешавем, ки қаблан коронавирус дар организми Криштиану Роналду ошкор шуда буд. Футболбоз ҳайати мунтахаби кишварашро қабл аз муҳлат тарк намуд ва ба “Ювентус” баргашт. Ҳамакнун иштироки ӯ дар  бозии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бар муқобили “Барселона”, ки рӯзи 28 октябр доир мешавад, зери суол мембонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив