LIVE

Роналдуро дар Турин 14 рӯз карантин карданд

Ҳамлавари «Ювентус» - Криштиану Роналду ба шаҳри Турин баргашт. Хабар медиҳад  Football Italia.
Тавре сарчашма иттилоъ медиҳад, ҳавопаймои хусусии футболбози 35 сола Gulfstream G200 Galaxy дар Турин нишаст. Акнун  Роналду бояд 14 рӯз бознишинӣ дар хонаро анҷом диҳад ва баъдан ба тамринҳо баргашта метавонад. 
Қаблан гуфта мешуд, ки футболбоз аз сабаби қатъи хатсайрҳои ҳавоӣ наметавонад аз Португалия, ки сар аз моҳи март дар он ҷо қарор дорад, озими Италия шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив