LIVE

Роналду ба Италия баргаштан намехоҳад

Дар оғози моҳи март Долорес Авейру модари Криштиану Роналду гирифтори бемории сактаи мағзи сар шуда буд. Футболбози португалӣ бо ризоияти роҳбарияти клубаш ба Ватан баргшата, хост якчанд рӯз дар канори модараш бошад. Баъди он, ки Долоресро аз беморхона ҷавоб додаанд, Роналду ба ҳайати дастааш барнагаштааст.
Дар Италия беш аз 12 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд. Ҳатто баргузории бозиҳо бо варзишгоҳҳои холӣ низ кӯмак накарданд. Бо мақсади пешгирӣ аз хурӯҷи ин беморӣ парвозҳо миёни Италия ва Португалия баста шуданд, аммо Роналду барои баргаштан ба Турин иҷозатномаи махсус гирифт ва бо ҳавопаймои шахсии худ мақсади баргаштанро дошт. Қабл аз сафар хабаре паҳн шуд, ки муҳофизатгари «Ювентус» - Даниэл Ругани ба коронавирус гирифтор шудааст.
Ругани бошад, иқрор шуд, ки баъд аз бозӣ бо “Интер” худро хуб эҳсос накард ва ин хабар боис бар он шуд, ки Криштану аз сафар ҷониби «Ювентус» худдорӣ кард. Зеро Ругани бо ҳамлагари мазкур канори ҳамдигар нишаста буданд. Бо мақсади ташхиси пурра ва беҳтар шудани ҳолат Криштиану Роналду дар Португалия боқӣ мемонад. Дирӯз «Ювентус» расман эълон намуд, ки Роналду дар тамринҳои дастааш ширкат надорад. Ӯ дар ҷазираҳои Мадейра қарор дошта, замони баргаштанаш маълум нест.
Бозиҳои навбатии Серияи А рӯзи 3-юми апрел баргузор мешаванд. Бисёриҳо бар он назаранд, ки Чемпионати Италия метавонад дигар баргузор нашавад. Агар дақиқ шавад, ки воқеан ҳам мусобиқа барои ин мавсим лағв шуд, аз эҳтимол дур нест, ки Роналду дигар ба Турин барнагардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив