LIVE

Аҳволи Дибала баъд аз табобати COVID-19

Ниммуҳофизатгари аргентинии бошгоҳи "Ювентус" - Пауло Дибала организми хешро аз санҷиши коронавирус гузаронд ва натиҷа хушҳолкунанда аст. Тибқи иттилои сомонаи расмии бошгоҳи туринӣ  натиҷаи санҷиш манфӣ баромадааст. Хотиррасон мешавем, ки дар ҳайати дастаи  "Ювентус" се футболбоз ба вируси "корона" мубтало гардида буданд. Мувофиқи натиҷаи санҷиш Дибала, Ругани ва Матюди ба вируси COVID-19 гирифтор шуда буданд. Аммо дар ҳоле, ки футболбозон бояд ба тамринҳо фаро гирифта шаванд. Бозигари аргентинӣ қабл аз тамрин аз ташхиси вируси нави COVID-19  гузаштааст ва натиҷа нишон дод, ки ӯ баъд аз муолиҷа комилан сиҳат шудааст ва метавонад машқҳои худро оғоз кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив