LIVE

Ҳамлагари "Вулверҳэмптон" дар як вақт ба ду мунтахаб даъват шуд

Ҳамлагари "Вулверҳэмптон" Адама Траоре ба Испания ва Мали даъват шудааст. Тибқи иттилои AS, федератсияи Испания умедвор аст, ки форвард дар бозиҳои оянда таҳти роҳбарии Луис Энрике бозӣ мекунад. Траоре ба ҳайати пешакии тими миллии Испания барои бозии дӯстона бо Португалия ва бозиҳои Лигаи Миллатҳо бо тимҳои миллии Швейтсария ва Украина шомил карда шуд. Адама хоҳиш дорад, ки дар Испания бозӣ кунад. Футболбоз қаблан дар ҳайати мунтахаби синну соли мухталиф ҳунарнамоӣ кардааст. Траоре бори аввал моҳи ноябри соли 2019 ба тими миллии Испания барои рақобати интихобии Евро-2020 бо Малта ва Руминия даъват шуда буд, аммо пас аз осеб ҳайатро тарк намуд. Сипас ӯро дубора ба бозиҳои Лигаи Миллатҳо бо Олмон ва Украина даъват карданд, аммо Адама бо сабаби коронавирус дар ин бозиҳо ширкат наварзид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив