LIVE

«Барселона» дастпарвари худро бозхонд карданист

«Барселона» ба футболбози тими англисии «Вулверхэмптон» - Адама Траоре мароқ зоҳир кардааст.  Тавре  ESPN хабар додааст, каталониҳо хостори дубора боз пас гирифтани футболбози 24 солаи испанӣ шудаанд. Адама Траоре аз соли 2004 то 2015 дар бошгоҳи «Барселона» тамрин кардааст.
Дар мавсими солҳои 2019/20 Адама Траоре 47 бозӣ бо пироҳани «Вулверхэмптон» анҷом дода, 6 гол ва 9 партоби головар шудааст. Ташкилоти transfermarkt.de арзиши ӯро 25,5 миллиона евро эълон кардааст. Ёдовар мешавем, ки ба ин футболбоз дастаҳои “Ливерпул”, “Тоттенхэм”, «Манчестер Сити» ва «Ювентус» низ таваҷҷуҳ доранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив