LIVE

Мане беҳтарин футболбози Премйер лигаи Англия

Нашрияи англисии The Guardian новобаста аз он, ки хурӯҷи вируси корона имкон надод, ки мавсими футбол идома кунад, аммо беҳтаринҳои Премйер лигаи Англияро интихоб кард. Беҳтарин футболбози мавсим ин ҳамлагари «Ливерпул» - Садио Мане интихоб шудааст. Мане дар 26 бозии Чемпионати Англия ба задани 14 гол ва 9 партофти головар даст ёфтааст. 
Беҳтарин футболбози ҷавон ин бозигари тими «Вулверхэмптон» - Адам Траоре интихоб шуд. 
Беҳтарин голи мавсим ин зарбаи анҷом додаи ниммуҳофизатгари тими «Манчестер Сити» - Кевина де Брюйне интихоб шуд, ки ӯ ба дарвозаи «Нюкасл» задааст. 
Крис Уайлдер сармураббии «Шеффилд Юнайтед», беҳтарин мураббии мусобиқа интихоб шуд.  
 Беҳтарин бозии баргузоршуда,  ин рақобати тимҳои футболи  «Вулверхэмптон» ва «Манчестер Сити» эълон гардид, ки он дар даври 19-уми чемпионат сурат гирифт ва бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расид. 
Дар ин феҳрист исми дастаи   «Тоттенхэм» низ ҷой ёфт, ки он ҳамчун дастаи номуваффақи мавсим эътироф карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив