LIVE

Дастпарвари «Барселона» ба «Реал» мегузарад

Футболбози хати ҳуҷуми «Вулверхэмптон» Адам Траоре, ки қаблан дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекард, гуфтааст, ки имкони гузариши ӯ ба  «Реал» дар оянда мавҷуд аст. 
«Агар ман имкони гузариш ба „Реал“-ро пайдо кунам, ҳатман ба бошгоҳи мадридӣ мегузарам.  Дари худро барои ин тим намепӯшам. Бо „Барселона“ ҳамдигарнофаҳмӣ доштем. Ҳар он чизе, ки дар он ҷо ба ман писанд наомад, онро ҳамчун сир дар худ нигоҳ медорам.  Ман дар пеши худ мақсад гузоштам, ки дар Англия беҳтарин футболбоз мешавам. 
Траоре дастпарвари «Барселона» маҳсуб мешавад. Ӯ соли 2004, ки ҳануз 7 сол дошт,  ба академияи футболи  каталония шомил гардид ва соли 2015 бошад,  ба «Астон Вилла» гузариш намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив