Сармураббии тими миллии Россия Станислав Черчесов тағиротро дар ҳайати тими миллӣ барои бозиҳои оянда эълон кард. Ба ҷои Рифат Жемалетдинов аз «Локомотив» ва Роман Зобнин аз «Спартак», мураббиён Владислав Игнатев ва нимҳимоятгари «Рубин» Павел Могилевецро даъват карданд. Ёдовар мешавем, ки Ҷемалетдинов дар бозии Лигаи Чемпионҳо дар муқобили “Атлетикои Испания” захмӣ шуда буд ва Зобнин дар яке аз машқҳои “Спартак” осеб бардошта буд.