LIVE

Бранислав Иванович дастаи нав пайдо кард

Муҳофизатгари сербӣ Бранислав Иванович дубора ба Премйер Лигаи Англия баргашт.  Муҳофизатгари 36 сола ба ҳайси агенти озод бо дастаи «Вест Бромвич» қарордод баст. Қаблан Иванович шарафи дастаи “Челси”-ро дар Англия ҳимоя кардааст. Сармураббии дастаи «Вест Бромвич» Славен Билич  иқрор шудааст, ки омодани ӯ ҳайати дастаро боз ҳам қавитар месозад ва таҷрибаи ғание, ки ӯ дорад ба мо руҳияи дигар мебахшид. Ёдовар мешавем, ки Иванович мавсими гузашта дар дастаи "Зенит"-и Россия бозӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив