LIVE

Рафтани Виллиан аз “Челси” тасдиқ шуд

Ҳамлагари "Челси" Виллиан эҳтимол дорад, фаъолияти худро дар “Арсенал” идома диҳад.
Бино ба иттилои ESPN, футболбози 31-солаи бразилӣ бо «Арсенал» дар бораи шартномаи се сола розӣ шуд. Дар доираи ин қарордод, Виллиан дар як ҳафта тақрибан 100 ҳазор фунт (111 ҳазор евро) хоҳад гирифт. Интизор меравад, ки гузариш охири моҳи август расман эълон карда шавад.
Виллиан аз соли 2013 шарафи “Челси”- ро ҳимоя мекунад. Қаблан ӯ  дар «Анжи», «Шахтёр» ва «Коринтиз» бозӣ кардааст. Дар мавсими гузашта, ҳамлагари 31-сола дар 36 бозӣ иштирок карда, 9 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив