LIVE

Виллиан дар бораи гузаришаш ба дастаи дигар хабар додааст

Ҳамлагари "Челси" Виллиан метавонад фаъолияташро дар дигар клуби лондонӣ идома диҳад.
Тибқи иттилои Mirror, бозигари бразилӣ пешниҳоди беҳтаринро аз “Интер Майами” гирифт, ки асосгузор ва соҳиби он собиқ футболбози мунтахаби Англия - Дэвид Бекхэм мебошад. Бо вуҷуди ин, Виллиан мехоҳад дар Лондон монад, зеро дар он ҷо оилааш зиндагӣ мекунад. Гузашта аз ин, форвард аллакай дӯстони худро дар бораи хоҳиши кӯч бастан ба лагери “Арсенал” хабар додааст. 
Виллиан аз соли 2013 шарафи “Челси”- ро ҳимоя мекунад. Қаблан ӯ  дар «Анжи», «Шахтёр» ва «Коринтиз» бозӣ кардааст. Дар мавсими гузашта, ҳамлагари 31-сола дар 36 бозӣ иштирок карда, 9 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив