LIVE

Нофаҳмии Виллиан ва “Челси” идома дорад

Роҳбарияти “Челси” ба футболбози бразилии худ Виллиан пешниҳоди тамдиди шартнома кард, аммо бозигари мазкур нахост то бо лондониҳо қарордоди нав бандад.  Дар ин бора  Goal.com хабар медиҳад.
Футболбози бразилиро шартномааш то моҳи август амал мекунад.
Виллиан мехоҳад ақаллан се сол шартнома имзо кунад, аммо “Челси” омода аст, ки бо ӯ танҳо қарордоди дусола бандад. 
Виллиан дар Лондон монданро афзалтар мешуморад, аз ин рӯ эҳтимол меравад, ки ӯ бо “Арсенал” ё “Тоттенхэм” созишнома ба имзо мерасонад. 
Виллиан дар мавсими имсола дар 47 рақобат бо пироҳани “Челси” ба майдон баромада, ин футболбози 31 сола ба задани 11 гол ва 9 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив