LIVE

Тевез ба Премйер лигаи Англия меояд

Футболбози 36-солаи аргентинӣ Карлос Тевез мехоҳад бо  “Бока Хуниорс” барои 6 моҳи дигар қарордодашро тамдид созад ва маблағи онро танҳо дар роҳи хайру эҳсонкорӣ сарф созад. Баъд аз анҷоми муҳлати қарордод бо клуби аргентинӣ мақсади ба нафақа баромаданро дорад. Дар ҳолати дигар мехоҳад, ки ба Бразилия ё дубора ба Аврупо баргардад. Ҳамлагари 36 сола баъд аз шаш моҳи бозӣ дар “Бока Хуниорс” ба тими «Коринтианс»-и Бразилия ё ба “Вест Хэм”-и Англия барои шаш моҳи дигар шартнома бастан мехоҳад. Агар ман дубора ба Аврупо баргардам, танҳо дар дастаи “Вест Хэм” бозӣ хоҳам кард, гуфтааст Тевез. 
Карлос Тевез дар корномаи варзишии худ дар дастаҳои  “Вест Хэм”, "Манчестер Юнайтед", "Манчестер Сити" ва "Ювентус" бозӣ кардааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив