LIVE

Кузяев метавонад дар Премйер Лига баромад кунад

Тими футболи “Саутгемптон”-и Англия гузариши нимҳимоятгари собиқи “Зенит” Далер Кузяевро меомӯзад. Клуби англисӣ ба ҳунари бозигар таваҷҷуҳ дорад ва ҳамчун ивазкунандаи нимҳимоятгар Пйер-Эмил Ҳойбҷерг, ки ба “Тоттенхэм” гузариш кардааст, ҳисобида мешавад. Ягона чизе, ки роҳбарияти дастаро зери шубҳа овардааст, ин нимҳимоятгари такиягоҳӣ набудани Кузяев будааст. Футболбози тоҷиктабор дар ин мавқеъ вақтҳои охир таҷрибаи зиёди бозигӣ надорад. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти клуби “Саутгемптон” ҳанӯз ҳам ин гузаришро меомӯзад ва метавонад футболбози  мазкурро ба ҳайати худ ҷалб намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив