LIVE

Азар ва Марсело бар зиди «Ман Сити» бозӣ мекунанд ё не?

Бозигарони «Реал» - муҳофизатгари бразилӣ Марсело ва ҳамлавари белгиягӣ Эден Азар баъд аз ҷароҳат бардоштанашон сиҳат шудаанд ва тамринҳоро дар ҳайати асосӣ оғоз карданд. Дар ин бора AS хабар додааст. 
Футболбози бразилӣ бо сабаби мушкилӣ дар мушакҳои пояш дар як чанд бозӣ ба майдон баромада натавонист. Азарро низ вазъи саломатиаш хуб набуд. Ҳарду имкон доранд, ки дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бар муқобили  «Манчестер Сити» бозӣ карда метавонанд. Вохӯрӣ рӯзи 7 август дар Манчестер баргузор мешавад. Дар дидори аввал «Реал» дар майдони худ бо ҳисоби 1:2 шикаст хурда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив