LIVE

Мушкилоти “Реал” қабл аз бозӣ бо “Барселона”

Дар рӯзи нахустини фасли зебои баҳор ҷаҳони футболро Эл Класико ном бозие, ки дар ҷаҳон аз маъруфияти хоса бархӯрдор аст, ба ҳам хоҳад овард. Дар даври навбатии Чемпионати Испания ду дастаи соҳибном - "Реал" ва "Барселона" байни ҳам рақобат мекунанд. Қабл аз баргузории ин бозии ҷолиб дастаи "Барса" бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 дастаи "Эйбар"- ро шикаст дода, дар дидори дигар "Реал Мадрид" аз тими "Леванте" ғайриинтизор шикаст хӯрд. Акнун баъд аз 4 голи Мессию бохти шогирдони Зидан дар ҷадвали умумии Ла Лига тағйирот ба миён омад. "Барса" ҷои "Реал"- ро гирифту мадридиҳо боз ба мақоми дуюм фаромаданд. Дар ин Эл Класико футболбози "Реал Мадрид" - Эден Азар боз ҷароҳат бардошту ба қавли бархе аз сарчашмаҳои хабарии испанӣ ба муҳлати ду моҳи дигар канор рафт.
Рости гап тақдири Эден дар "Реал" ба Усмон Дембеле дар "Барселона" монанд шуд. Ҳамлагари белгиягиро аз рӯзи аввали омаданаш ба Мадрид кораш омад намекунаду тез-тез ҷароҳат мебардорад. Ҳамлагари клуби «Реал» - Эден Азар баъд аз табобати тӯлонӣ дар даври 25-уми Чемпионати Испания бар муқобили «Леванте» (0:1) ба майдон баромада, вале то охир бозӣ карда натавонист. Азар дар қисми дуюми рақобат ҷароҳат бардошту дар дақиқаи 67-уми бозӣ майдонро тарк намуд. Ин 10-умин бозии Эден дар чемпионати Испания маҳсуб мешуд, зеро футболбози 29 сола аз моҳи ноябр то ин замон ба табобат машғул буда, ба майдон набаромадааст. Ҷароҳати навбатӣ иштироки Эден Азарро дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бар муқобили «Манчестер Сити» зери суол мебарад.   
 Дар ҳамин мавзуъ яке аз лидерони асосии Реал Мадрид муҳофизатгари марказӣ - Серхио Рамос низ имкон дорад, ки дар Эл Класико роҳ дода нашавад. Рамос баъд аз бозӣ бо дастаи “Леванте” аз кори доварон интиқод карда, суханҳои пасту баланд задааст. Роҳбарияти Ла Лига гуфтаҳои муҳофизатгари “Реал” - ро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи ниҳоии худро дар рӯзҳои наздик хоҳад баровард.  Ёдовар мешавем, ки “Леванте” “Реал”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, дар бохти дастааш Серхио Рамос доварони бозиро гунаҳкор эълон кард. 
Дар бораи ширкат кардан ё накардани Серхио Рамос ҳанӯз вақт ҳаст, аммо Эден Азар аввалин нафаре нест, ки аниқ дар Эл Класико "Реал" - ро кӯмак карда наметавонад. Дар ин раванд боз як ҳамлагари дигари бошгоҳи шоҳона Родриго дар бозии даври 26-уми чемпионати Испания бар муқобили «Барселона» ба майдон баромада наметавонад.
Бозигари бразилӣ дар ҳайати ҷавонони дастааш Сегунда В бар муқобили «Сан-Себастян-де-лос-Рейес» (2:0) бозӣ карда, ба задани гол даст ёфт. Аммо голи задаашро тантанавор таҷлил намуд, ки аз ҷониби довар корти зард гирифт. Ин дуюмин корти зарди ӯ маҳсуб мешуд, ки маҷбур шуд баъдан майдонро тарк кунад. Ин корти сурх ба ҳамлагари бразилӣ имкон намедиҳад, ки 1-уми март бар муқобили «Барселона» низ бозӣ намояд. Дар қоидаи футболи Испания ҳамин гуна будааст, ки агар дар ҳайати ҷавонони клуб корти сурх гирифтӣ, дар дастаи асосӣ низ як бозиро аз даст медиҳӣ. Дар мавсими ҷорӣ Родриго дар ҳайати  «Реал» 18 бозӣ анҷом дода, ба задани 7 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив