LIVE

3 голи Собирҷон “Сипар”-ро барандаи Суперҷом гардонид

Чанд лаҳза қабл бозии Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид. Барои дарёфти ин ҷоиза дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд мубориза бурданд. Бозии мазкур дар Маҷмааи варзишии Кумитаи Андози шаҳри Душанбе баргузор гардид. Рақобати дастаҳо барои соҳибшудани ҷоизаи мазкур пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 4:2 ба суди тими “Сипар”-и Хуҷанд хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ унвони беҳтарин футзалбозро Собирҷон Гуляков, ки ба задани се гол даст ёфт, соҳиб гардид.  
«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:4
Голҳо: Муҳаммад Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов – Собирҷон Гуляков (3), Дилшод Саломов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив