LIVE

“Барса” қаҳрамонии “Реал”-ро таҳаммул накард

Дар доираи бозиҳои даври 37-уми Ла Лигаи Испания дастаи “Барселона” дар варзишгоҳи Камп Ноу аз тими “Осасуна” бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи 15-ум Хосе Мануэл Арнаис боз кард. Дар дақиқаи 62-юм Лионел Месси аз зарбаи ҷаримавӣ  тӯбро дохили тӯри дарвозаи “Осасуна” кард.  Дар дақиқаи 77-ум бозигари мемҳмонон - Энрик Галего бо сабаби дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон ронда шуд. Новобаста аз ин “Осасуна” тавонист дар ин набард пирӯз шавад. Муаллифи голи ғалабаовар  дар дақиқаҳои иловагии дидор Роберто Торрес гардид. Каталониҳо дар ин мавсим бори 6-ум аст, ки дар Ла Лига шикаст мехӯранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив