LIVE

Аввалин ғалабаи “Барса” бо сармураббии нав

Дар даври 20-уми мусобиқоти Ла Лигаи Испания бошгоҳи каталонии “Барселона” бо тими “Гранада” рақобат кард. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Камп Ноу» бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди мизбонон анҷом ёфт. Ягона голи ин бозиро Лионел Месси дар дақиқаи 76-ум пас аз партофти Артуро Видал ба самар расонид. Хотиррасон менамоем, ки дар дақиқаи 69-уми вохӯрӣ бозингари дастаи “Гранада” Херман Санчес бо сабаби дағалона вайдон намудани қоидаи бозӣ бо корди сурх муҷозод шуд. Барои “Барселона” ин аввалин бозӣ баъд аз рафтани Эрнесто Валверде ва сармураббии нав Энрике Сетйен ба шумор меравад.         

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив