LIVE

Дубли Жоау Фелиш ба "Атлетико" пирӯзӣ овард

Дар доираи рақобатҳои даври 29-уми Чемпионати Испания тими “Осасуна” дастаи “Атлетико”-ро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин нерусанҷӣ мадридиҳо ба дарвозаи рақиб 5 голи беҷавоб заданд. Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ ҳамлавари "Атлетико" -  Жоау Фелиш бо як зарбаи ҳадафраси худ ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 56-уми қисми дуюм Фелиш ба задани голи дуюми худ даст ёфта, ҳисоб 2 бар 0 гардид. То анҷоми дидор Маркос Лиоренте, Алваро Мората, Янник Карраско низ муаллифи як тӯбӣ гардиданд. Пас аз бозии даври 29-ум бошгоҳи  "Атлетико" бо касби 49 имтиёз ба зинаи 4-уми ҷадвал баромад. Дастаи "Осасуна" бо 35 хол дар мақоми 11-ум мавқеъ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив