LIVE

Гвардиола дар ПЛА рекорди нав гузошт

«Манчестер Сити» дар даври 36-ум бо дастаи «Борнмут» бозӣ кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Иттиҳод» сурат гирифта, бо пирӯзии (2:1) соҳибони майдон хатм шуд.  Баъди ин ғалаба сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола рекорди навро дар чемпионати Англия гузошт. Даста зери роҳбарии Гвардиола дар 150 бозӣ 111 ғалаба ба даст овард. Аз рӯйи ин нишондод ӯ аз  Жозе Моуриню (105), Юрген Клопп (92), Алекс Фергюсон (90) ва Кенни Далглиш (85) пеш гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив