LIVE

«Ливерпул» бо ҳамлагари 17 сола шартнома баст

«Ливерпул» дар сомонаи расмии худ дар бораи бастани қарордод бо ҳамлагари наврас - Харви Эллиотт хабар дод.  Футболбоз баъд аз он, ки ба синни 17 расид, «Ливерпул» ҳуқуқ пайдо кард, ки бо ӯ қарордоди расмӣ ба имзо расонад. Муҳлати шартнома гуфта нашудааст.
Эллиотт ба «Ливерпул» соли 2019 аз клуби «Фулхэм» гузориш кард. Дар мавсими солҳои 2018/2019 форварди мазкур дар ҳайати «Фулхэм» ба майдон баромада, ҷавонтарин бозигар дар таърихи Премйер лига шуд. Ӯ дар даври 37-уми Чемпионати Англия бар муқобили «Вулверхэмптон» (0:1) ҳунарнамоӣ кард, ки он замон 16 солу 30 рӯз дошт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив