LIVE

VAR ба «Реал» кӯмак мекунад

Президенти «Барселона» - Хосеп Мария Бартомеу фаъолияти VAR-ро дар чемпионати Испания танқид кард. 
«Ман бозии «Реал» ва «Атлетик»-ро тамошо кардам. Ман худро бад ҳис мекунам.  Зеро мо беҳтарин Лига дорем, аммо баъд аз хуруҷи коронавирус VAR беадолатӣ мекунад.  Ин ба натиҷаи бозиҳо таъсир гузоштааст, зеро танҳо ба як даста кӯмак мекунад»,  иқрор шудааст Бартомеу ба сомонаи Goal.
Ёдовар мешавем, ки «Реал» дар даври 34-уми чемпионат бар тими «Атлетик» ғолиб омад. Ягона голи ин бозиро дар дақиқаи 73-юми дидор Серхио Рамос тавассути пеналтӣ ба ҳадаф расонид.   
Феълан «Реал» бо 77 хол зинаи аввали ҷадвали умумии Ла Лигаро ишғол мекунад. «Барселона» бошад,  73 имтиёз дошта, дар мақоми дуюм қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив