LIVE

«Реал» розӣ нест, зеро «Барса» ду баробар вақти истироҳат дорад

«Реал» нисбати ҷадвали тартибдодаи даврҳои 33-юм ва 34 –уми чемпионат изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора As навиштааст. Бошгоҳи мадриди аз он нигаронанд, ки дар даврҳои 33 ва 34-уми Чемпионат нисбаташон ноадолатӣ эҳсос мешавад. 
«Реал» аз он норозигӣ баён намудааст, ки барои барқарор шудан аз як бозӣ то вохӯрии навбатиаш ҳамагӣ 62 соат дорад ин 56 соат камтар аз вақти барои каталониҳо ҷудошта будааст. 
Ҳолат чунин аст, ки дар даври 33-юм «Барселона» рӯзи 30-юми июн бо «Атлетико» бозӣ мекунад ва «Реал» бошад, рӯзи 2-юми июл бо «Хетафе» дидор анҷом медиҳад.  Дар даври 34-ум боз «Реал» рӯзона дар сафар бо «Атлетик» Б бозӣ дорад, аммо «Барселона» дар шаб бо «Вилярреал» майдондорӣ мекунад. Дар миёни ин ду вохӯрӣ «Реал» 62 соати барқарор ва омодагӣ дорад. Аммо барои «Барселона» 118 соати барқароршавӣ ҷудо шудааст. 
«Реал» дар садри ҷадвали умумии мусобиқот қарор дорад ва аз «Барселона» бо нишондодҳои иловагӣ пегузаштааст, ки аз ингоҳи ситоди мураббиён чунин ҷадвали нодурусти бозиҳо ба натиҷа таъсир хоҳад расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив