LIVE

Сетйен: Бовар дорам, ки «Реал» дар ҳама бозиҳо ғалаба намекунад

Сармураббии  «Барселона» - Кике Сетйен бозии дастаашро бар муқобили тими  «Севилйя» (0:0) дар даври 30-юми чемпионати Испания шарҳ  дод.
"Ман бовар дорам, ки  «Реал» дар ҳама бозиҳо ғалаба намекунад.  Мо аз худамон вобастаем, бояд нисбати тақдири мусобиқот хушбин бошем.
Пике иқрор шудааст, ки чемпион шудан бисёр мушкил аст?  Ӯ каме рӯҳафтода шудааст. Даста аз худ бовар дорад ва мо 30 дақиқа бозии хуб нишон додем”, гуфтааст Сетйен.
«Барселона»  65 имтиёзро касб кард ва садрнишини ҷадвали умумӣ маҳсуб мешавад.   «Реал» низ имкон дорад, ки холҳои худро бо “Барса” баробар созад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив