LIVE

Кӣ ғолиб мешавад? “Барселона”ё "Атлетико"

Муборизаи “Барселона” ва "Реал" барои унвони қаҳрамонӣ шадид ҷараён дорад. Феълан ду имтиёз якеро аз дигаре ҷудо мекунад. То охири мусобиқот шаш даври дигар мондааст. Баъд аз бозӣ бо “Селта”, ки бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хамт шуд, бозигарони тими “Барса” бо сармураббии худ даст ба гиребон шудаанд ва муҳит дар тими каталонӣ хуб нест. Аксар бозигарон аз тактикаи интихобкардаи Кике Сетйен розӣ нестанд. 
Баъд аз танаффус "Атлетико" -и Диего Симеоне дар як бозӣ бар муқобили "Атлетик" имтиёзро аз даст дод. Дар дигар вохӯриҳо бозии хуб нишон дод. "Атлетико" чор ғалабаи пайдарҳам дораду дар ин миён танҳо як гол ба дарвозааш сар додааст. "Атлетико" низ бо "Севиля" барои ишғоли зинаи сеюм мубориза дорад ва намехоҳад, ки имтиёзро аз даст диҳад. Дар қисмати аввали чемпионат мадридиҳо бо ҳисоби 0:1 аз "Барселона" шикаст хӯрда буданд. Аммо баъди он қасди бохти худро дар Суперҷоми Испания аз каталониҳо гирифту, “Барса”-ро аз Ҷоми Испания хориҷ кард. "Барселона" дар  сурати бохт аз пойгаҳи қаҳрамонӣ меафтад ва  танҳо умед ба Лигаи Чемпионҳо мекунад. Френки Де Йонг ва Усман Дембеле бо иллати ҷароҳат бардоштанашон ба майдон намебароянд. Ҳамчунин ҳунарнамоии Серҷи Роберто низ то ба ҳол маълум нест.   "Атлетико"-ро бошад, Коке кӯмак карда наметавонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив