LIVE

Фати аз «Барселона» меравад?

Бозингари 17 – солаи ҷавону умедбахши “Барселона” – Ансуман Фати, ки аллакай дар қалби миллионҳо нафар мухлисони футбол ҷойи худро пайдо намудааст, тибқи баъзе овозаҳои расонаҳои хабарии Аврупо гӯё аз тарафи бошгоҳи англисии “Манчестер Юнайтед” пешниҳоди гузариш гирифтааст. Аммо хабаргузории муътамади варзишӣ – “Mundo Deportivo” аз шахсони наздики ба ин футболбоз хабар доданд, ки чунин пешниҳодро аз ҷониби ин бошгоҳи англисӣ нагирифтаанд. Ҳамзамон, бозингари 17 – сола худаш низ дар фикри рафтан аз бошгоҳи каталонӣ набуда, нақша дорад, ки дар ин бошгоҳи номдор боқӣ монад. Қаблан хабаргузории “The Times”  хабар дода буд, ки “Манчестер Юнайтед” барои ба даст овардани Фати омода аст, 150 миллион евро пардохт намуда, ин футболбози ояндадорро ба даст орад.  “Mundo Deportivo” бошад, иттилоъ медиҳад, ки ҷониби “Барселона” аз ин хабар умуман огоҳӣ надошта, ҳатто дар сурати пешниҳод аз ҷониби “Манчестер Юнайтед” ҳам, розӣ нахоҳанд шуд, то аз ин футболбоз ҷудо шаванд.

Фати дар мавсими имсола, бори аввал дар ҳайати “нилунориҳо” ба майдон баромада, дар 17 бозии бо пироҳани ин даста бозида, 5 голро ба номи худ сабт кардааст. Азбаски Фати ҳанӯз 17 сола аст, дар ҳар бозӣ ба муддати кам дар майдон баромада, аксари вақт дар ивази дигар бозингарон ба майдон мебарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив