LIVE

Ҳамлавари «Барселона» ба Португалия меравад

«Брага» оиди трансфери ҳамлавари «Барселона» Абел Руис ба мувофиқа кардааст, -тасдиқ мекунад Mundo Deportivo.
Аз рӯи маълумоти сарчашма бошгоҳи португалӣ барои ин футболбоз 10 миллион евро пардохт хоҳад кард. Трансфери мазкур дар таърихи «Брага» рекордӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин «Барселона» пас аз фурӯхтани бозингари худӣ  ҳаққи харидории баргаштии Руисро дар давоми се соли баъдӣ ҳифз мекунад. Форварди номбурда омода буд, ки ҳанӯз тобистони қаблӣ сафи каталониҳоро тарк намояд, вале он вақт  баҳри гузаришаш ҷавоби рад гирифта буд.
Руиси 20-сола дастпарвари «Барселона» буда, дар ҳайати нилунориҳо танҳо як бозӣ доир намудааст. Дар мавсими ҷорӣ  Руис 19 бозӣ дар сафи дастаи  «Барселона В» ба майдон баромада, муаллифи се гол ва се партофти головар шудааст. Шартномаи Абел Руис бо каталониҳо то тобистони соли 2021 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив