LIVE

Аввалин рақобати шогирд бар муқобили устод

Ҳамин тавр футболи англисӣ рӯи майдонҳои сабзу зебо падид меояд. Дар аввалин рӯзи бозгашт ду дастае неру месанҷанд, ки ҳама интизори бозии ҷолиб ва диданӣ ҳастанд. Бозии мавқуфмондаи “Манчестер Сити” ва “Арсенал” дар майдони Иттиҳод баргузор мешавад. “Манчестер Сити” феълан дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқаи Премйер Лига қарор дорад. “Манчестер Сити” дар мавсими ҷорӣ як бор “Арсенал”-ро дар даври 17-ум торумор кард. Албатта он замон бошгоҳи лондонӣ дар ҳоли табоҳ қарор дошт. Дар 6 нерусанҷии охир “Арсенал” аз шаҳриҳо шикаст хӯрдааст. “Арсенал” феълан дар зинаи 9-уми ҷадвал қарор дорад ва аз “Манчестер Юнайтед”, ки дар зинаи панҷум аст, 5 имтиёз камтар дорад. Нуқтаи ҷолиби дигари ин дидор он аст, ки онро нерусанҷии мураббиён устоду шогирд меноманд. Ин аввалин боздиди Хосеп Гвардиола ва Микел Артета баъд аз ҷудошавӣ маҳсуб мешавад. Артета то сармураббии “Арсенал” шудан, се сол якҷоя дар ҳайати мураббиёни шаҳриҳо фаъолият дошт. Дар ҳар сурат футболи англисӣ  барои аксар мухлисон ҳаяҷон ва шигифтҳои нав ба нав дар пай дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив