LIVE

“Истиқлол” дар дараи Алмосӣ омодагӣ мебинад

Ҳайати пурраи  қаҳрамони бисёркаратаи кишвар бошгоҳи “Истиқлол”- и шаҳри Душанбе низ дубора тамринҳои худро оғоз намуданд. Футболбозони пойхтахти кишвар тамринҳоро дар Академияи ФФТ воқеъ дар дараи зебоманзари Алмосии шаҳри Ҳисор анҷом медиҳад.  Ҳама футболбозони ҳайати асосӣ дар машқҳои тамринӣ иштирок доранд.
Тибқи ҷадвал ситоди мураббиён дар як рӯз ду маротиба тамринҳоро  роҳандозӣ менамоянд. Ба  иттилои сармураббӣ тамоми ҳайати даста аз ҷиҳати ҷисмонию равони омодаанд ва ҳозиранд, ки барои дастовардҳои назаррас чӣ дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба таври арзанда нерусанҷӣ кунанд.   
Ҳайати пурраи тим дар ҳамин макони зебоманзар тамринҳои худро идома дода, баъдан барои анҷом додани вохӯрии  даври 5-ум Лигаи олӣ  санаи 16-уми июн бар муқобили дастаи “Регар-ТадАЗ” ба майдон меоянд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив