LIVE

Мубин Эргашев: таътил ба ҳолати ҷисмонии бозигарони “Локомотив” таъсири манфӣ расонид

Мубин Эргашев мегӯяд, таътили муваққатӣ ба ҳолати ҷисмонии даста то андозае таъсири манфӣ расонд. Ҳарчанд дар давоми таътил барои ҳар як бозигар баҳри нигоҳ доштани ҳолати ҷисмонӣ барномаҳои инфиродӣ пешниҳод шуда буд, вале ин барномаҳо натавонистанд, варзишгаронро дар ҳолати хуб  нигоҳ доранд. Агар кас натавонад тӯли 1 моҳ ҳолати физикиашро нигоҳ  дорад, пас барои барқарор сохтани он на кам аз 3 моҳ лозим мешавад. Яъне ҳайати “роҳи оҳанчиён” на он қадар дар вазъияти хуб қарор дорад. 
17-уми июн “Локомотив Помир” - ро мебояд  дар доираи бозиҳои даври 5-уми мусобиқоти Лигаи олӣ бо тими “Куктош” - и ноҳияи Рӯдакӣ  рақобат кунад. Мушкилии дигаре, ки "Локомотив Помир" дорад, ин масъалаи кадрӣ мебошад. Чун яке аз бозигарони калидӣ - Эмомалӣ Аҳмадхон ҷароҳат бардоштааст ва легионерҳои даста бо сабабҳои маълум дар бозиҳои интизор ширкат карда наметавонанд. 
 Ёдовар мешавем, ки  тими "Локомотив Помир" барандаи медалҳои тиллои мусобиқоти Лигаи яуми футболи кишвар дар соли 2019 буда, айни замон бо дарёфти 4 имтиёз дар зинаи 7-уми ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив