LIVE

Хабари хуш барои мухлисони «Барселона»

Ҳамлагари «Барселона» -Лионел Месси тамрини худро дар гурӯҳи  асосӣ оғоз кард. Дар ин бора бошгоҳи каталонӣ дар сомонаи расмии хеш иттилоъ додааст. 
Қаблан Месси аз сабаби хуб набудани вазъи саломатиш дар алоҳидагӣ тамрин мекард. 
Баъд аз таваққуф дар чемпионати Испания “Барселона” аввалин дидори худро дар сафар бар муқобили «Малйорка» анҷом медиҳад. Бозӣ рӯзи 13-уми июн сурат мегирад. Сармураббии “нилунориниҳо”- Энрике Сетйен иқрор шудааст, ки Месси дар бозии мазкур ширкат меварзад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив