LIVE

Сетйен: дар мавриди бозгашти Месси ба майдон ҳарф зад

Сармураббии бошгоҳи «Барселона» - Энрике Сетйен ба суоле, ки ҳамлагари асосии даста - Лионел Месси бар муқобили «Малйорка» ба майдон мебарояд ё не?, чунин посух дод.
«Месси мушкилоти андаке дар мушакҳои пояш дорад ва ӯ зери назорат аст. Лионел худро хуб эҳсос мекунад ва мушкиле надорад. Дар масъалаи ба майдон баромаданаш бошад, ӯ омодагӣ мебинад ва аз эҳтимол дур нест, ки дар бозии навбатӣ ба майдон барояд. Бозиҳо зиёданд, аммо ҳайати калон надорем» иқрор шуд - Сетйен.
Қаблан футболбози аргентинӣ бо сабаби лат бардоштанаш дар алоҳидагӣ тамрин мекард, то ҷароҳати худро мушкилтар насозад. Барои пурра сиҳат шудани ӯ 10 рӯз вақт лозим аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив