LIVE

Сетйен бозигарони «Барселона»-ро аз истироҳат маҳрум кард

Сармураббии ҷадиди бошгоҳи каталонӣ - Кике Сетйен ба ҳайати дастааш дар 14 рӯз беш аз 13 тамрин эълон кард, ки бо чунин коргузорӣ футболбозон имкони истироҳат пайдо нахоҳанд кард. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ Сетйен нақшаи таҳрезинамудаи собиқ сармураббии «Барселона» - Эрнесто Валвердеро қабул накарда, аз услубҳои тамринии худ кор гирифта, тамоми истироҳати бозикунонро бекор кардааст. Мураббии 61 сола як рӯз қабл аз бозии «Гранада» (1:0) ду маротиба тамрин ба роҳ монд ва ҳатто дар рӯзи бозӣ низ барои футболбозон машқ ташкил намуд. Ба иқрори сармураббии нав аз ин ба баъд бозигарони “Барса” ҳамарӯза ба тамрин машғул мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив