LIVE

Валдес сармураббӣ шуд

Собиқ дарвозабони  бошгоҳи “Барселона” - Виктор Валдес  дастаи дивизиони чоруми Испанияро роҳбарӣ  хоҳад кард. Ин мутахассис сармураббии дастаи "Орта" таъйин карда шуд. Дар мавсими анҷомшуда “Орта” дар зинаи 10-уми  ҷадвал ҷойгир буд. Соли 2019  Валдес   ба ҳайси сармураббии ҳайати ҷавонони “Барселона” ба кор ҷалб шуда буд, аммо баъд аз се моҳ каталониҳо ӯро сабукдӯш сохтанд.   Вале баъд аз се моҳи фаъолият аз кор озод карда шуд. Виктор  дастпарвари  “Барселона” буда, дар дастаи асосӣ аз соли 2000 то 2014 ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ин муддат Валдес тавонист бо нилунолиҳо 21 ҷойза ба даст биёрад.  Пас аз рафтанаш аз “Барселона” дар дастаҳои “МЮ”, “Стандард” ва “Мидлсбро” бозӣ намуда, соли гузашта ба корномаи варзишии худ хотима бахшид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив