LIVE

Серияи А бо дидорҳои мавқуфмонда оғоз мешавад

Чанд муддат Италия аз рӯи сироятёбии беморони коронавирус дар қитъаи Аврупо ҷои якумро ишғол намуда буд. Хушбахтона, шумораи беморон ба маротиб поён рафта, феълан ҳолати сироятёбӣ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст. Бо дарназардошти беҳтар шудани вазъ масъулин тасмим гирифтанд, ки Чемпионати кишвар оид ба футболро идома диҳанд. Мавсими 2019-20-и Серияи А аз нав ба роҳ монда мешавад. Рӯзи 26-уми май  ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар рафти он аксари дастаҳо барои идома додани бозиҳо овоздиҳӣ намуданд. Рақобатҳо 13-уми июн доир мешаванд. Вазири варзиши Италия - Винчентсо Спадафора иброз дошт, ки дар сурати муайян намудани коронавирус дар организми яке аз бозигарон ё дигар ҳайати дастаҳо, ҳамон тим вазифадор аст, ки ба муҳлати 14 рӯз дар карантин нишинад. Дар конфронси видеоии охирин 20 тими футболи Италия барои идома додани мавсим овоз доданд.  Аммо рӯзи 13-уми июн бозиҳои мавқуфмонда баргузор н. Ёдовар мешавем, ки якчанд бозиҳои даври 25-ум аз ҷумла дидори «Аталанта» — «Сассуоло», «Интер» — «Сампдория», «Торино» — «Парма» ва «Верона» — «Каляри» баргузор нагардида буданд, сурат мегиранд. Баъд аз он, ки дастаҳо бозии баробар карданд, рӯзи 20 июн худи чемпионат оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив