LIVE

Серияи А дар формати плей-офф

Сарвазири Италия баргузор намудани тамоми чорабиниҳои варзиширо дар қаламрави кишвар то 14 июн манъ кард. Бинобар ин Федератсияи Футболи Италия наметавонад бозиҳои серияи А-ро  аз рӯи нақша 13 июн ба  роҳ монад.          Барои баррасии тақдири  чемпионат  масъулин дар як ҷаласаи  вижа ҷамъ омаданд. Роҳбарияти Серияи А, Федератсияи футболи Италия ва дигар Лигаҳои футболи ин кишвар дар як ҷаласаи хос  нақшаҳои ҷамъбаст намудани мавсимро баррасӣ карданд. Масъулин ба хулосае омаданд, ки дар сурати  такроран манъ кардани мусобиқа Чемпионати кишвар оид ба футбол дар формати плей-оффи кӯтоҳ сурат мегирад.  Плей-офф миёни  дастаҳои зинаҳои болоӣ ва поёнии ҷадвал роҳандозӣ мегардад. Бо ин роҳ метавон дастаҳои ғолиб ва он тимҳоеро, ки  аз дивизион хориҷ карда мешаванд, муайян кард.  Агар мусобиқа қатъиян  манъ карда шавад, дар ин сурат  мавқеи дастаҳо аз рӯи  коэффисентҳои махсус мушаххас мегардад. Мавсими ҷории Лига  бояд то 20 август хотима ёбад. Зеро 1 сентябр оғози мавсими 2020-21 дар назар аст.  Ёдовар мешавем, ки  Серияи А  моҳи март бинобар хуруҷи бемории коронавирус  манъ карда шуда буд. Мавсим 20 июн аз нав ба роҳ монда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив