LIVE

Ниммуҳофизатгари асосии "Ман Сити" тарки даста мекунад

           Давид Силва рафтани худро аз «Манчестер Сити» тасдиқ кард. Ӯ иқрор шудааст, ки бо анҷоми мавсими солҳои 2019/20 дастаи англисиро тарк хоҳад кард. «Ман 10 сол аст, ки дар ин даста бозӣ мекунам ва ба дастовардҳои зиёд ноил гаштам.  Рисолати ман ба охир расид ва ин тим ҳамеша дар хотирам нақш хоҳад баст.  Аз ибтидо инҷо муносибати хуб доштанд, вале барои ман ва оилаам   имтиҳони нав оғоз мешавад»- иқрор шудааст Силва.
         Силва тобистони соли 2010 аз «Валенсия»  ба «Манчестер Сити» гузариш карда буд. Маблағи гузариш 28,75 млн евроро ташкил дода буд.  Ниммуҳофизатгари 34 сола дар 19 бозии чемпионати Англия ба майдон баромада, муаллифи 3 гол ва 7 партофти головар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив