LIVE

«Реал» боз муҳофизатгар мехарад

Роҳбарияти бошгоҳи «Реал» нақшаи таҳияи шартнома барои муҳофизатгари бразилии тими «Лилл» - Габриэлро таҳррезӣ мекунад. Дар ин бора AS иттилоъ дод.
Ба иқрори сарчашма мадридиҳо дар навбати аввал мақсади ба даст овардани Деотшанкюл Юпамекано аз «РБ Лейптсиг»-ро доштанд, аммо клуби олмонӣ барои ӯ 60 млн евро мехоҳад. Дар ҳолати кунунӣ ҳатто “Реал” чунин маблағ сарф кардан намехоҳад. 
Ба ҳамин хотир ивазкунандаи  Юпамеканоро дар ҳунари Габриэл пайдо карданд. Тими фаронсавӣ бошад, барои муҳофизатгари хеш 20 млн евро мехоҳад. 
Габриэл мавриди назари на танҳо "Реал", балки дастаҳои футболи "Ювентус", "Челси" ва "Эвертон" низ қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив