LIVE

Анчелотти ва Хамес бори сеюм узви як тим мешаванд

Хавбеки бошгоҳи шоҳонаи “Реал” - Родригес имкони ҳамкорӣ кардан бо мураббии собиқи хеш - Карло Анчелоттиро пайдо кардааст. Мутахассиси итолиёвӣ ниммуҳофизатгари мунтахаби Колумбияро дар дастаи "Эвертон" дидан мехоҳад. Хамес, ки қаблан ҷароҳат бардошта буд, феълан дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дорад ва баъд аз танаффус имкони ба майдон баромаданро пайдо хоҳад кард. Сармураббии бошгоҳи ливерпулиҳо мақсад дорад, то дигарбора бо ин футболбози 28 сола кор кунад, зеро Хамес зери роҳбарии Карло Анчелотти қаблан дар тимҳои “Реал” ва “Бавария” бозӣ кардааст. Дар навбати худ ситораи колумбиягӣ аз гузариш ба Гудисон Парк зид нест ва мадридиҳо барои ин футболбози худ аз 45 млн то 75 млн евро маблағ талаб доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив